Бо ѕарори Іукумати
Їуміурии Тоїикистон
аз "1" декабри соли 2014, № 737
тасдиѕ шудааст
БАРНОМАИ РУШДИ ЅОЛИНБОФЊ ДАР ЇУМІУРИИ ТОЇИКИСТОН БАРОИ СОЛІОИ 2014-2020
Муѕаддима
1. Ѕолинбофњ яке аз зерсоіаіои саноати сабук ба іисоб рафта, дар заминаи коркарди ашёи хоми маіаллњ, барои ѕонеъ гардонидани талаботи афзуншаванда ба маісулот дар бозоріои дохилию хориїњ, мусоидат менамояд.
2. Маѕсади рушди соіаи ѕолинбофњ дар Тоїикистон на таніо бо зиёд намудани іаїми истеісолот, балки барои эіёи анъанаіои миллии халѕи тоїик мебошад, ки дар таърихи Осиёи Марказњ ѕолиніоро тавассути дастгоііои махсус ба таври дастњ бо риоя ва истифодаи наѕшу нигоріои миллњ мебофтанд ва он ѕисми їудонашавандаи фаріанги миллњ арзёбњ мегардид.
3. Маълум аст, ки соліои 50-70 - уми асри гузашта корхонаіои хурду миёнаи сўзанию ѕолинбофњ дар шакли артел амал мекарданд, аммо бо мурури замон бо талаботи афзуншавандаи аіолњ ба ин маісулот истеісоли саноатии ѕолиніо ба миён омада, тадриїан ѕолинбофии дастњ аз байн рафт.
4. Бо маѕсади беітар намудани вазъи баамаломада, аз їониби давлат дар самти іавасмандгардонии рушди корхонаіои хурду миёнаи соіаи саноати сабук дар тамоми ноіияіои мамлакат тадбиріои зарурњ андешида шуданд. Іамаи ин ба рушди соіибкорњ мусоидат намуда, имкон дод, ки іаїми ашёи хоми маіаллњ, махсусан пўст ва пашми чорво дар дохили мамлакат коркард шуда, іаїми маісулоти нимтайёр ва тайёр зиёд гардад.
5. Бо маѕсади таїдиди корхонаіои амалкунандаи ѕолинбофњ, ташкил ва їойгир намудани як ѕатор корхонаіои хурд оид ба коркарди аввалияи пашми чорво ва истеісоли ѕолиніои дастњ дар ноіияіои кўіистони мамлакат пешбинњ шудаанд.
6. Айни замон, саноати ѕолинбофии мамлакатро ЇСК "Ѕолиніои Ѕайроѕѕум", ки аз соли 1960 ба фаъолият шурўъ намуда, истеісоли риштаіои пашмин ва нимпашмин, матоъіои техникњ ва ѕолиніоро ба роі мондааст ва ЇДММ "Ѕолиніои Сомон", ки субъектіои соіибкории хусусњ мебошанд, муаррифњ менамоянд.
7. Бо маѕсади баланд бардоштани сифати маісулоти истеісолшаванда, паст намудани арзиши аслњ ва таъмини раѕобатпазирии маісулот дар бозор, соли 2012 корхона таїіизоти нави ѕолинбофии тамљаи "ALFA - 360" истеісоли Олмон, таїіизоти пардоздиіии тамљаи "Анмак" истеісоли Туркия ва аз ширкати "Ван-де-Вил" (Белгия) таїіизоти бофандагиро ворид ва васл намуд.
8. Дар давоми соліои охир, пас аз пош хўрдани Иттиіоди Шуравњ дар соіа мушкилоти зерин іалли худро наёфтанд:
- пастравии іиссаи истеісоли маісулоти ѕолинњ аз іаїми умумии маісулоти саноати сабук, ихтисор гардидани їойіои корњ;
- набудани чораіои іимояи молистеісолкунандаи ватанњ, мавѕеи афзалиятноки истеісолкунандагони хориїњ дар бозори дохилњ;