Замимаи 1
ба фармони Президенти
Їуміурии Тоїикистон
аз 29 феврали соли 2020, №1463
Оинномаи муассисаи давлатии "Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Їуміурии Тоїикистон"
1.МУЅАРРАРОТИ УМУМЊ
1. Муассисаи давлатии "Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Їуміурии Тоїикистон" (минбаъд - Академия) дар заминаи муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Їуміурии Тоїикистон" таъсис дода шудааст.
2. Академия муассисаи таісилоти олии касбњ ва таісилоти баъд аз муассисаи олии таълимњ буда, барномаи таълимњ, коріои илмию таіѕиѕотњ, таїрибаомўзии мутахассисони соіаи идоракунии давлатњ ва фармоиши давлатиро оид ба тайёркунии касбњ, азнавтайёркунњ, такмили ихтисос, таїрибаомўзии хизматчиёни давлатњ дар Їуміурии Тоїикистон амалњ менамояд.
3. Муассиси Академия Президенти Їуміурии Тоїикистон буда, ваколатіои муассис (љайр аз ваколатіои истисноии муассис) аз їониби Дастгоіи иїроияи Президенти Їуміурии Тоїикистон амалњ карда мешавад.
4. Академия шахси іуѕуѕњ буда, дорои тавозуни муіосибии мустаѕил ва суратіисоб бо пули миллњ дар хазинадории Вазорати молияи Їуміурии Тоїикистон мебошад ва барои амалисозии амалиёти іисоббаробаркунњ ва ѕарзњ аз ин суратіисоб истифода мебарад.
5. Академия дар асоси іуѕуѕи идоракунии оперативњ дорои молу мулк мебошад, аз номи худ ухдадориіо ѕабул ва иїро мекунад ва дар суд ба сифати даъвогар ва їавобгар баромад мекунад.
6. Академия дорои муіри мудаввар бо тасвири Нишони давлатии Їуміурии Тоїикистон ва сабти номи пурраи худ бо забоніои тоїикњ ва русњ, логотип, муіри чоркунїа, бланк ва дигар аломатіои муайянкунанда мебошад.
7. Маблаљгузории фаъолияти Академия аз іисоби маблаљіои буїети давлатњ, маблаљіои махсуси Академия ва дигар манбаъіои маблаљгузорие, ки ѕонунгузории Їуміурии Тоїикистон манъ накардааст, амалњ карда мешавад.
8. Академия дорои іуѕуѕи фаъолияти таълимњ, илмиютадѕиѕотњ, табъу нашр, гузаронидани курсіои таълимњ ва іамчунин хизматрасониіои пулакие мебошад, ки ѕонунгузории Їуміурии Тоїикистон манъ накардааст.
9. Номи расмњ:
- бо забони тоїикњ - муассисаи давлатии "Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Їуміурии Тоїикистон", дар шакли ихтисоршуда -АИД назди Президенти Їуміурии Тоїикистон;
- бо забони русњ - государственное учреждение "Академия государственного управления при Президенте Республики Таджикистан", дар шакли ихтисоршуда - АГУ при Президенте Республики Таджикистан;
- бо забони англисњ - state institution "Academy of Public Administration under the President of