Замимаи 1
ба ѕарори Іукумати
Їуміурии Тоїикистон
аз 30 июни соли 2021, № 264
Барномаи давлатии тайёр кардани кадріои сатіи баланди илмњ барои соліои 2021-2030
1. МУЅАРРАРОТИ УМУМЊ
1. Барномаи давлатии тайёр кардани кадріои сатіи баланди илмњ барои соліои 2021-2030 (минбаъд - Барнома) баіри баланд бардоштани ѕобилияти зеіниву таілилии насли нави илмњ, тайёр кардани кадріои сатіи баланди илмњ ва ба талаботи бозори хизматрасониіои илмиву таісилотњ мутобиѕ намудани оніо таіия карда шудааст.
2. Барнома дар асоси принсипіо ва талаботе, ки дар Стратегияи миллии рушди Їуміурии Тоїикистон барои давраи то соли 2030 доир ба дурнамои рушди дарозмуілати низоми илму маорифи їуміурњ мустаікам шудааст, таіия гардидааст. Дар он пеш аз іама ба принсипіои тарбияи васеи кадріои илмњ, ки раѕобатпазирии иѕтисодиёти кишварро таъмин менамояд, ба низоми тайёр намудани кадріои илмии раѕобатпазир дар бозори меінат, бунёди иѕтидори инноватсионии рушди илм, ташаккулёбии дониш ва малакаи зарурњ їиіати рушди устувор мусоидат менамояд, афзалият дода шудааст.
3. Тайёр кардани кадріои сатіи баланди илмњ дар самтіои илміои табиатшиносњ, даѕиѕ, техникњ, тиббњ, кишоварзњ, гуманитарњ ва їамъиятшиносњ дар Академияи миллии илміои Тоїикистон, академияіои соіавњ, муассисаіои илмию таіѕиѕотии тобеи вазорату идораіо, муассисаіои таісилоти олии касбии Їуміурии Тоїикистон амалњ карда мешавад.
4. Тарбияи олимони їавон, инкишофи ѕобилияти эїодњ, ташаккули тафаккури илмию техникњ, рушди зеінњ ва їалб намудани оніо ба фаъолияти илмию таіѕиѕотњ яке аз самтіои афзалиятнок дар сиёсати иїтимоии давлат ба іисоб меравад.
5. Барнома ба бартараф намудани мушкилот дар соіаи омода намудани кадріои баландихтисоси илмњ, муайян намудани маѕсаду іадафіо, афзалиятіо ва воситаіои давлат їиіати омода намудани кадріои илмњ равона гардидааст.
2. МАЅСАД ВА ВАЗИФАІОИ БАРНОМА
6. Барнома бо маѕсади такмил ва рушди низоми тайёр кардани кадріои сатіи баланди илмњ, таъмини муассисаіои илмию таіѕиѕотњ ва муассисаіои таісилоти олии касбии мамлакат бо миѕдори зарурии мутахассисон, пеш аз іама аз рўйи самтіои афзалиятноки таіѕиѕоти илмњ ва илмию техникњ ва ба вуїуд овардани нерўи илмие, ки ѕобилияти дар сатіи талаботи муосир іал намудани муіимтарин масъалаіои рушди илмию техникњ ва иїтимоию иѕтисодии мамлакатро дошта бошад, таіия гардидааст.
7. Барои ноил гардидан ба маѕсадіои Барнома вазифаіои зеринро бояд иїро кард:
- такмили фаъолияти докторантураи фалсафа (PhD)докторантура аз рўйи ихтисос ва постдокторантура дар муассисаіои илмию таіѕиѕотњ ва муассисаіои таісилоти олии касбии мамлакат;
- іадафмандона, дар асоси