Бо ѕарори Іукумати
Їуміурии Тоїикистон
аз 1 апрели соли 2008 № 174
тасдиѕ шудааст
Низомномаи Комиссияи давлатњ оид ба ѕабули заминіои нави азхудкардашуда
I. Муѕаррароти умумњ
1. Комиссияи давлатњ оид ба ѕабули заминіои нави азхудкардашуда, (минбаъд - Комиссияи давлатњ) тартиби ба истифода ѕабул намудани иншооти сохтмонаш баитмомрасида (азхудкунии заминіои нави обёрњ) - ро муайян менамояд. Иншооти сохтмон бе хулосаи Комиссияи давлатњ ба истифода ѕабул карда намешавад.
2. Комиссияи давлатњ дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарѕонуни) Їуміурии Тоїикистон, санадіои меъёрии іуѕуѕии Їуміурии Тоїикистон ва іамин Низомномаро ба роібарњ мегирад.
2. Вазифаіои асосии Комиссияи давлатњ
3. Вазифахои асосии Комиссияи давлатњ аз иніо иборатанд:
- баіогузории пешрафти технологњ ва хулосаіои меъморию сохтмонњ;
- санїиши мувофиѕати иѕтидоріои бакорандохташуда ва арзиши аслии заминіои азхудкардашуда, ки дар лоиіаи тасдиѕшуда пешбинњ шудааст;
- муайяи намудани мувофиѕати иншоот ба меъёріои азхудкунии иѕтидоріои лоиіавњ;
- муайян намудани мувофиѕатии иїрои коріо тибѕи талаботи меъёріо ва ѕоидаіои сохтмонњ;
- ѕабули иншоот баъд аз санїидани вазъи он аз їониби Кумитаи іифзи муіити зисти назди Іукумати Їуміурии Тоїикистон;
- ба Іукумати Їуміурии Тоїикистон пешниіод намудани хулосаи асоснок дар іолати муайян намудани корношоямии иншооти ба истифода додашуда;
- ба маѕомоти дахлдор пешниіод намудани мавод їиіати ба їавобгарњ кашидани шахсоне, ки ба иїрои бесифати коріои лоиіавњ роі додаанд;
- ба Іукумати Їуміурии Тоїикистон барои тасдиѕ пешниіод намудани санади ѕабули иншооти сохтмонаш баитмомрасида.
4. Комиссияи давлатњ вобаста аз моіият ва мураккабии иншоот, лекин на дертар аз 90 рўз то мўілати муѕарраршуда бояд фаъолият намояд. Мўілати ољоз ва анїоми кори Комисияи давлатњ бо дарназардошти мўілати муѕарраргардидаи ба истифода додани иншоот муайян карда мешавад.
3. Сохтор ва ташкили кори Комиссияи давлатњ
5. Іайати Комиссияи давлатиро Іукумати Їуміурии Тоїикистон тасдиѕ менамояд. Комиссияи давлатњ аз раис, муовини ў ва дигар аъзонамояндагони вазорату идораіои дахлдор аз рўи вазифа иборат мебошанд.
6. Раиси Комиссияи давлатњ:
- маїлисіои Комиссияи давлатиро даъват мекунад ва мегузаронад;
- наѕшаи кори Комиссияи давлатиро тасдиѕ мекунад;
- гузориши мухтасарро ба санади ѕабул, ки дорои хулосаи Комиссияи давлатњ дар бораи омодагии иншоот ба истифодаи мўътадил ва таъмини он бо захираіои моддию техникии зарурњ мебошад, пешниіод менам