Замимаи 2
Бо ѕарори Іукумати
Їуміурии Тоїикистон
аз 30 апрели соли 2011 № 238
тасдиѕ шудааст
Низомномаи Комиссияи іукуматњ оид ба гузаронидани тендери байналмилалњ барои іуѕуѕи коркарди комплексии захираіои кони "Конимансури Калон"
I. Муѕаррароти умумњ
1) Комиссияи іукуматњ оид ба гузаронидани тендери байналмилалњ барои іуѕуѕи коркарди комплексии захираіои кони "Конимансури калон" (минбаъд-Комиссияи іукуматњ) барои ба анїом расонидани гузаронидани тендери байналмилалњ барои іуѕуѕи коркарди комплексии кони "Конимансури Калон" таъсис дода мешавад (минбаъд Тендер).
2) Комиссияи іукуматњ маѕоми муваѕѕатан таъсисдодашуда буда, дар мўілати барои гузаронидани Тендер зарур амал менамояд.
3) Комиссияи іукуматњ дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарѕонуни) Їуміурии Тоїикистон, ѕонуніои Їуміурии Тоїикистон, дигар санадіои меъёрии іуѕуѕии Їуміурии Тоїикистон, Низомномаи мазкур ва муѕаррароти "Дархост оид ба пешниіод"-ро ба роібарњ мегирад.
4) Агар дар санадіои ѕонунгузории Їуміурии Тоїикистон тартиби дигаре пешбинњ нагардида бошад, истилоіот ва мафіуміои дар Низомномаи мазкур истифодашаванда іамон маъно ва мафіуміоеро ифода мекунанд, ки дар "Дархост оид ба пешниіод" муѕаррароти охирон маісуб меёбанд.
5) Масъалаіои вобаста ба Тендер, ки дар Низомномаи мазкур ба танзим дароварда нашудаанд, мувофиѕи "Дархост оид ба пешниіод" ба танзим дароварда мешаванд. Дар сурати мухолифат кардани муѕаррароти Низомномаи мазкур ба муѕаррароти "Дархост оид ба пешниіод", муѕаррароти охирон афзалиятнок маісуб меёбад.
6) Комиссияи іукуматњ аз роібарони вазорату идораіо иборат буда, іайати онро Іукумати Їуміурии Тоїикистон тасдиѕ мекунад.
II. Мушовирони Комиссияи іукуматњ
7) Дар назди Комиссияи іукуматњ мушовирони Корпоратсияи байналмилалии молиявњ (минбаъд КБМ) фаъолият мекунанд. Мушовирони КБМ ба іайати Комиссияи іукуматњ дохил намешаванд ва іуѕуѕи овоздиіњ іангоми ѕабули ѕарор оид ба масъалаіои Тендерро надоранд.
8) Мушовирони КБМ вазифаіои зеринро иїро мекунанд:
- таіияи пешниіод ва тавсияіо барои Комиссияи іукуматњ оид ба масъалаіои аіамияти муіим ва асосидошта барои бомуваффаѕият ба анїом расонидани Тендер;
- таіияи вариантіои фосилавњ ва ниіоии іуїїатіои тендерњ;
- ба аъзои Комиссияи іукуматњ шарі додани аіамияти іуїїатіои тендерњ;
- иштирок дар вохўриіои Комиссияи іукуматњ бо иштирокчиёни Тендер іамчун мушовирони Комиссияи іукуматњ;
- маслиіатдиіњ ба Комиссияи іукуматњ оид ба іама їанбаіои Тендер.